Кокулов Каврак Худоёрович, 10 ноябри соли 1960 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, моҳи октябри соли 2021 ғайриқонунӣ, бе қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия, бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ба таври худсарона аз тарҳи №2-и харитаи заминистифодабарии ҷамоати деҳоти мазкур, масоҳати 0,08 га қитъаи заминро ғасб карда, дар он манзили истиқоматӣ сохтааст.

 

Аз тарафи прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ, нисбати Кокулов К.Х, бо моддаи 338 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 30.03.2022 сол Кокулов К.Х. бо моддаи 338 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12,800 сомонӣ ҷазо таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон