Аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Файзобод ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ ошкор карда шудааст, ки ду нафар сокини ҳамин ноҳия шаҳрвандон А.А. ва Б.Б. моҳи июни соли 2015 хариду фурӯши манзили истиқоматиро ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо маблағи 11500 (ёздаҳ ҳазору панҷсад) доллари амрикоӣ ба амал баровардаанд. 

25.06.с.2015 нисбати онҳо барои додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ аз рӯи аломатҳои қисми 2 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

 

Хабарҳо