Хабарҳо

Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ

Дар рафти гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шудааст, ки Ғоибзода Маъруф Қаюмҷон, санаи таваллудаш 9 марти соли 2003, сокини ноҳияи Фархор, дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузашта, солим ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шуда, санаи 28 октябри соли 2021 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор ба номбурда оиди ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ даъватнома ирсол карда шудааст.

Ғоибзода М.Қ. кормандони Комиссариати ҳарбиро шинохта, даъватномаро қабул накарда, ба самти номаълум фирор намуда, қасдан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудааст.

Прокурори ноҳияи Фархор нисбати Ғоибзода М.Қ. бо моддаи 343-и қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Фархор аз 11.01.2022 сол Ғоибзода М.Қ. бо моддаи 343 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуда, бо дастрасии моддаи 71 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон