Хабарҳо

Оқибати мастӣ пастӣ

Прокуратураи ноҳияи Рашт тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “з, к”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ба Суди Олӣ пешниҳод намуд.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Ғайратов Ф.Ш. 02.08.2022 сол соати 22 бо Саидов Ҷ.Н. дар назди чойхонаи “Болои об”, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, Ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Озодии занон бинои № 1 машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштанд. Онҳо шаҳрванд Юлчиев Н.О.-ро, ки бо рафиқаш дар наздикии онҳо ба хӯрдани хӯрок ва истеъмоли машруботи спиртӣ машғул буд, дида ба наздашон даъват карда, аз ҳиссиёти авбошӣ Юлчиев Н.О.- ро бо дасту пой лату кӯб карда, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадан, сару рӯй ва гардан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонанд, ки дар натиҷа охирин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 10.11.2022 сол судшавандагон Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н.-ро гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 20 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон