Хабарҳо

Терроризм ва оқибатҳои он!

Шаҳрванд Сангов Муҳаммад Таварович, сокини шаҳри Вахдат, ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, дехаи Навобод, қаблан барои содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи З073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), аз санаи 27.08.2019 сол то санаи 08.01.2020 сол дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25.10.2019 сол озод гардида, аз ин ба худ хулосаи даркори набароварда дидаю дониста такроран даст ба содир намудани ҷиноятӣ қасдона ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгарой) задааст.

Ҷунончи, ӯ моҳи октябри соли 2013 бо мақсади гирифтани таълимоти динӣ ва огоҳи пайдо кардан аз равияи “Салафия”, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шудааст, ба Ҷумҳурии Миср рафта дар донишгоҳи “Азҳар Шариф” дохил гардида, дар онҷо таҳсил кардааст. Сангов М.Т., баъди аз Ҷумҳурии Миср баргаштанаш аввалҳои моҳи сентябри соли 2019 дар телефони мобилии худ барномаи интернетии “Телеграм” ва “Вотсап” кушода, худро дар сомонаҳои “Пурсиш ва посух”, “Назратулла Абу Марям” ва “Имом ибни Боз” номнавис намуда, дарсҳои пешвоёни ин равияро омухта ба фаъолияти ғайриқонунии ташкилот фаъолияи ташкилоти экстремистӣ (ифотгароӣ), равияи “Салафия” машғул шудааст.

Сангов М.Т., бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ дар сомонаи мазкур маводҳо ва видеороликҳои Имом ибни Боз, Шайхул-Ислом ибни Таймия, шайх Албонӣ, ки номбурдагон пешвоёни аъзоёни равияи“Салафия" мебошанд мутолеа намуда, онҳоро ҷонибдорӣ карда, дидаю дониста. ки номбурдагон пешвоёни аъзоёни равияи  “Салафия” мебошанд, бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо, касдан суроғаи сомонаҳои мазкурро ба бародараш Сангов К.Т. ва рафиқонаш бо номҳои Абдураҳим, Абдулҳаким, Руслан, Мустафо, Ринат, Рамил, ки номбурдагон истиқоматкунандагони Ҷумҳурии Башкортостанаи Федератсияи Руссия мебошанд, ғайриконунӣ паҳн кардааст.

Прокурори шаҳри Вахдат, нисбати Сангов М.Т., бо моддаи З073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Вахдат, Сангов М.Т., дар моддаи З073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзур, таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон