Хабарҳо

Иҷрои талаботҳои қонунгузории танзим ҳатмист !

Шаҳрванд Зардакшоев Идибек Амирхонович, сокини шаҳри Вахдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи сарчинори поён, тибқи тавсияномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Вахдат, мебоис туйи домодии писарашро дар санаи 15.01.2022 сол аз соати 09:00 то соати 12:00 баргузор мекард.

Аммо, муайян карда шудааст, ки, шаҳрванд Зардакшоев И.А., бархилофи талаботи моддаи 14 қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, санаи 15.01.2022 сол дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи болозикршуда тӯйи домодии писарашро дар вақти муқарраршуда оғоз намуда, муҳлати давомнокии маросимашро аз вақти муайян карда шуда гузаронида, тӯйро бо иштироки овозхонҳо ва бо додани 2 намуд таом баргузор намудааст.

Прокурори шаҳри Вахдат, нисбати Зардакшоев И.А., бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд фиристонидааст.

Бо қарори суди шаҳри Вахдат, Зардакшоев И.А., ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон