Хабарҳо

Муносибати хунукназарона ба хизмат!

Санаи 16 январи соли 2022 хизматчиии қисми ҳарбии 0214 Қӯшунҳои сарҳадӣ, капитан Довутиев Фарҳод Сайфуддинович, ҳамчун сардори наряди сарҳадии гуруҳи кофтуковӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод”-и қисми ҳарбии мазкур бархилофи талаботҳои моддаи 75 Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 90 Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ хунукназарона муносибат намуда, дар натиҷаи беназоратии ӯ, посбони наряди сарҳадӣ қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

     Аз рӯи ин ҳодиса нисбати капитан Довутиев Ф.С., бо моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати қаторӣ Исоев М. Ш. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристонида шудаааст.

     Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, аз 5 майи соли 2022 Довутиев Ф.С., бо моддаи 392 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии сукунат ва Исоев М.Ш., бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст.     

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон