Хабарҳо

Мубодилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ !

Карликов Нусратулло Қудратуллоевич, соҳибкор, сокини ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи Эшма, ба содир намудани ҷиноятӣ муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ даст задааст.

      Чунончӣ, ӯ ҳамчун фурӯшанда дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи Ёвон, кору фаъолият намуда, санаи 03 марти соли 2022, тахминан соатҳои 12:30 дақиқа ба харидори шартӣ Вайсиддинов Баҳовиддин Ваҳобович, як микдор масолеҳи сохтмонӣ аз қабили тахта, шифер, қубур ва дигар намуди масолеҳи сохтмониро дар маҷмӯъ ба маблағи 33,570 сомонӣ мутаносибан бо асъори хориҷӣ 3000 доллари ИМА нархгузорӣ намуда, маблағи 3000 доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ гирифта, масолеҳи сохтмониашро ба харидори шартии номбурда фурухтааст.

       Прокурори ноҳияи Ёвон, нисбати Карликов Н.Қ., бо моддаи 286 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

      Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон, аз 12 майи 2022 сол Карликов Н.Қ., бо моддаи 286 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.     

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон