Хабарҳо

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона !

Аёзов Ширинбек Музаффарович, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, бар хилофи талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодаи замин аз ҳисоби заминҳои истифодаи умуми ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи мазкур миқдори умумии 61 мк заминро азони худ намуда, дар он сохтмони худсаронаро ба анҷом расонидааст.

      Прокурори ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, нисбати Аёзов Ш.М., бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

      Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 06.04.2022 сол Аёзов Ш.М., бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Точикнстон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 21,900 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон