Хабарҳо

Ҷамбасти фаъолияти 9 моҳаи мақомоти прокуратура

 13 октябри соли 2021 дар Маҷлисгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, баргузор гардид.

   

  Дар маҷлиси ҳайати мушовара фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2021 таҳлилу ҷамъбаст карда, вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.

 Қайд гардид, ки дар давраи ҷамъбастӣ мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣистиқбол намуда, корро дар тамоми самтҳои назоратӣ самаранок гардонида, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мамлакат корҳои муайянеро ба сомон расонид.

   Ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, сохти конститутсионӣва асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амният, пешгирии терроризму экстремизм, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ диққати асосӣдода, қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва баҳри ба таври воқеӣбартараф намудани онҳо чораҳои муассир андешида шуданд.

    Ба баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо диққати махсус дода шуд.

   Дар 9 моҳи соли 2021 860 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣпазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 136 муроҷиатҳои шифоҳӣва тариқи Интернет - қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 153 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ карда шудаанд.

   Ба мақомот 35055 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 2503 шаҳрвандон барқарор карда шуданд.

   Дар маҷмӯъ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 5176 санҷишҳо гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 254070 санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, 670 млн. сомонӣ маблағи зарари аз қонунвайронкуниҳо расонидашуда барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 86,6 млн. сомонй зиёд мебошад.

Инчунин, 3367 capчорво дар асл барқарор карда, 9538,5 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 3019 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки аз онҳо 223 ададашон дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд.

   Бо натиҷаи баррасии масъалаҳо ба раёсату шуъбаҳои Прокуратурам генералӣ ва прокурорҳои поёнӣ ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорй, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолият супоришҳои судманд дода, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ