Хабарҳо
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОГОҲ МЕНАМОЯД
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки моҳи феврали соли 2024 “Ҳазориспанд” дар ҳудуди Федератсияи Россия ба рӯӣхати растаниҳое дохил карда шудааст, ки он дорои маводи мухаддир, психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошад.
Гардиши ғаӣриконунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, азҷумла воридот барои максадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, кирдори шахсони гунаҳгор бо моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия бандубаст карда мешаванд. Раводиди моддаи мазкур ҷазоро дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ва барои шаҳрвандони хориҷӣ бошад, ҷазои ихроҷ (депортатсия) аз каламрави Федератсияи Россия пешоинӣ кардааст.
Дар баробари ин, барои аз 10 адад зиёд бо худ доштани растании “Ҳазориспанд” ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ё ин ки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ (то ҳадди ба муҳлати якумра маҳруми аз озодӣ) пешбинӣ шудааст.Тибқи маълумотҳои мавҷуда аллакаӣ ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ “Ҳазориспанд”-ро ба Федератсияи Россия бо худ доштанд, дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Нисбати яке аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 228 кисми 2 (оиди ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интикол, истеҳсол, коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон) ва 229 иловаи 1 кисми 3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (оид оа ҳаракати ғаӣриконунӣ тавассути сарҳади гумрукии Давлатии Федератсияи Россия гузаронидани растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ба андозаи калон ) огоз карда шудааст. Пас аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирон бо ҳукми суди Федератсияи Россия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсади сафар оа Федаратсияи Россияро доранд, талаб карда мешавад, ки бо худ растании“Ҳазориспанд”-ро нагиранд, ки ин боиси паӣомадҳои манфӣ, аз кабили ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.










