Хабарҳо
БАРОМАДИ табрикотии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбони азиз,
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, баъди якчанд марҳилаҳои таърихӣ соли 1991 миллати соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар имконияти эҳёи давлатдориро пайдо намуда, Тоҷикистон мустақилият ва соҳибихтиёрии худро ба даст овард.
Вале дере нагузашта, соли 1992 таҳти роҳбарии Ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом ва тарафдорони он дар мамлакат табадуллоти давлатӣ ба вуқўъ омада, сохти конститутсионии ҷумҳурӣ зӯран сарнагун гардид, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
Асосҳои сохти давлатдорӣ пурра фалаҷ гардида, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуда, ба иқтисодиёти мамлакат зарари ҷонкоҳ расонида шуд. Қариб 1 миллион нафар аҳолии кишвар гуреза шуда, мамлакат ба минтақаҳои гуногуни ба ҳам зид ҷудо шуд. Гуруснагӣ тамоми кишварро фаро гирифта, хавфу хатари нестшавии миллат ба миён омада буд.
Дар ин лаҳзаҳои бениҳоят мудҳиш ва барои мардуми тоҷик тақдирсоз роҳбаре лозим буд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ раҳо намояд.
Бо ин мақсад ва ҷиҳати ба эътидол даровардани вазъияти мураккаби ҷамъиятию сиёсӣ зарурияти баргузор намудани Иҷлосияи навбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ таъмин набуда, беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд ва ин вазъи мураккаб барои баргузоршавии Иҷлосия имконият намедод.
Аз ин рӯ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омада, Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона раиси онвақтаи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ - Роҳбари давлат интихоб намуданд.
Дар он замон ҷомеаро бесарусомонӣ фарогир буд ва касе аз боқӣ мондани давлату миллат боварӣ надошт. Аммо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ дар Иҷлосияи мазкур бо шиори ватандўстонаи худ - «Ман ба Шумо сулҳ меорам» масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба ҳифзу пойдории истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷой намуданд.
Баъди анҷоми Иҷлосия ва қабули қарорҳои дахлдор Раиси Шӯрои Олӣ - Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, фаъолияти пурмасъули худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулодда дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, дар мамлакат фазои сулҳу суботро таъмин карда, ба барқарорсозии иқтисодиёти азбайнрафта ва сохтори фалаҷшудаи давлатӣ шурўъ намуда, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуданд.
Новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодӣ-сиёсӣ, набудани мутахассисони соҳавӣ ва шароити моддӣ бо талошҳои фидокоронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ созмон дода шуда, он якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ дар муҳофизати Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон саҳми босазои худро гузошт.
Ҷузъу томҳои низомии кишвар дар як муддати муайян ба нерўи қудратманд табдил ёфта, шароити хизматӣ ва зисти низомиён беҳтар гардида, ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуд.
Ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро аз хазинаи холӣ оғоз намуда, фаъолияти сохторҳои давлатӣ мунтазам ба низом дароварда шуд.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Дар муддати кўтоҳи таърихӣ (тақрибан 2 сол) дар кишвар заминаҳои дахлдор ҷиҳати таъсису ташаккули институти президентӣ бо риояи принсипҳои интихоботӣ ба миён омад. Раиси Шўрои Олӣ – Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо роҳи референдум қабул намудани Конститутсияи кишвар, гузаронидани интихоботи шаффоф ва аз ҷониби халқ бевосита интихоб намудани Президенти мамлакат шароит муҳайё намуданд.
Минбаъд бо мақсади муайянсозии шакли идоракунӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мардуми шарифи кишвар 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.
Худи ҳамон рӯз шаҳрвандони кишвар ҳамчунин бо риояи принсипҳои интихоботии умумӣ, мустақим ва баробар ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Сарвари давлат 16 ноябр савганд ёд намуда, ба фаъолияти кории навбатӣ шурўъ намуданд.
Бо дарназардошти ин рўйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” 16 ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, онро мардуми тоҷик бо сарбаландӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Аз рўзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян карда, дар кишвар сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.
Хидматҳои фидокоронаи Сарвари давлат дар таъмини сулҳу субот, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муҳайё намудани шароити мусоиду арзанда ба мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва густариши сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ беназир буда, ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидати комил намудаанд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик баҳадафҳои стратегии миллӣ, азҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣаз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣва саноатикунонии босуръати мамлакатрасида истодааст.
Бунёди ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, маишӣ, сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии хурду бузург, азнавсозии инфрасохтори энергетикии кишвар, таъмини рафту омади озодонаи мусофирон, ҳамлу нақли молу маҳсулот байни минтақаҳои ҷумҳурӣ, табдилёбӣ ба кишвари транзитӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои ниёзи мардум, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ самараи татбиқи ин ҳадафҳо мебошад.
Хозирини гиромӣ
Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза мову Шуморо водор менамояд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қиммати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррўзаи худ қарор дода, баҳри таъмини волоияти қонун, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушду инкишофи кишварамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо саодатмандӣ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои беназирро орзумандам.
Ид муборак, ҳамкасбони азиз!