Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми ноябри соли 2023 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандони мақомотро ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, оид ба таърихи эҳёи давлатдории миллӣ, ташаккули институти президентӣ дар кишвар, хизматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки соли 1992 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти мураккаби ҷамъиятию сиёсӣ зарурати баргузор намудани Иҷлосияи навбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Вале он вақт дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ таъмин набуда, беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омада, Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ - Роҳбари давлат интихоб намуданд. Пас аз Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурмаҳсули худро оғоз намуда, бо далериву Ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулодда дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, дар мамлакат фазои сулҳу суботро таъмин карда, ба барқарорсозии иқтисодиёти азбайнрафта ва сохтори фалаҷшудаи давлатӣ шурўъ намуда, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуданд. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар кишвар заминаҳои дахлдор ҷиҳати ташаккули институти президентӣ ба миён омад. Ҳамзамон, бо мақсади муайянсозии шакли идоракунӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мардуми шарифи кишвар 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намуда, дар як вақт ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Сарвари давлат 16 ноябри соли 1994 савганд ёд намуда, ба фаъолияти кории навбатӣ шурўъ намуданд.
Бо дарназардошти ин рўйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” аз 14 майи соли 2016 инҷониб дар кишварамон 16-уми ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, мардуми тоҷик онро бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Аз рўзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян карда, дар кишвар сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.
Дар фарҷоми сухан Прокурори генералӣ таъкид намуданд, ки раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза водор менамояд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қиммати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррўзаи худ қарор дода, баҳри таъмини волоияти қонун, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушду инкишофи кишварамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем.