Хабарҳо
Иттилоот оид ба баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар Донишкада
25-27-уми октябри соли 2023 аз ҷониби Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи машғулиятҳои назариявию амалӣ оид ба барномаи таълимӣ дар мавзуи “Огоҳонидан, ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои алоқаманд ба зӯроварӣ дар оила” дар якҷоягӣ бо намояндагони Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе бо иштироки ёрдамчиён ва муфаттишони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ҳарбии гарнизонҳои Хоруғ ва минтақаи Рашт, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш дар истироҳатгоҳи “Сароб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб доир гардид.
Мақсади баргузории машғулиятҳотакмил додани донишҳои назариявию амалӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратура дар самти назорат ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҷабрдидаҳо, ки дар натиҷаи зӯроварӣ дар оила зарар дидаанд, иборат мебошад.
Дар рафти амалисозии барномаи таълимии мазкур мафҳум ва моҳияти қонунгузории миллии кишвар оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқҳои субъектони зӯроварӣ дар оила, қонунгузории байналминалӣ ва муқаррароти меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура оид ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо марбут ба зӯроварӣ дар оила ва ғайра ба самъи шунавандагон расонида шуд.
Машғулиятҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи генералӣ ва муаллимони калони Донишкада бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор дар гурўҳҳо амалӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки 14-15-уми ноябри соли 2023 даври дуюми машғулиятҳо бо кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизони Душанбе, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рудакӣ ва Варзоб дар Донишкада баргузор хоҳад шуд.