Хабарҳо

Баргузории машғулиятҳои таълимӣ оид ба омўзиши “Хусусиятҳои хоси тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ”

Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз 15 то 23 августи соли 2023 бо давомнокии ду рўз, дар се минтақа бо иштироки 62 нафар  муфаттишони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ” машғулиятҳои таълимӣ доир намуд.

Дар раванди машғулиятҳо диққати асосӣ ба омўзиши  талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини саривақтии ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, шаҳодаткунонии ҷабрдида ва гумонбаршуда, таъйину гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ-судӣ ва ғайра дода шуда, аз ҷониби роҳбарият ва муаллимони Донишкада, коршиносони тиббӣ-судӣ, инчунин, кормандони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ тариқи назариявию амалӣ гузаронида шуд.

Донишкада  тасмим гирифтааст, ки минбаъд  низ ҷиҳати баланд бардоштани  сатҳу сифати таълим ва такмили ихтисоси кормандони мақомот тадбирҳои  судмандро роҳандозӣ намояд.