Хабарҳо

Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Саидов Идибек Қудратович, дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Чуянгарон, деҳаи Лиҷак қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимро дар чунин ҳолат вайрон намуд.

Чунончи, Саидов И.Қ. бархилофи талаботи банди 2 моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он маросимҳои “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд, амал намуда, санаи 29 январи 2023 сол аз соати 08:00 то соати 11:00 дар рӯзи якшанбе, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи болозикршуда, дар як дег таоми “ош” тайёр намуда, ҳангоми гузаронидани маросими чили бародараш ба иштирокдорони маросим зиёфат додааст.

Прокурори шаҳри Ваҳдат нисбати Саидов И.Қ. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол намудааст.

Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат нисбати Саидов И.Қ. ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон