Хабарҳо

Прокуратураи генералӣ мақолаҳои иғвоангезро рад менамояд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонаҳои хабарӣ нашр гардидани хабару мақолаҳои иғвоангезро, ки аз тарафи мухолифони сиёсии дар кишварҳои аврупо қарордошта, ки мақсади халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти миллиро доранд, таҳлил намуда, марбут ба қазияи аъзоён ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ Улфатхоним Мамадшоева, Фаромӯз Иргашов ва дигарон, ки дар нашрияҳояшон онҳоро “мусичаи бегуноҳ” мепиндоранд, вокуниш менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбати Маҳмадшоева Улфатхоним, Муборакшоён М.Т, Холиқназаров М.С. ва дигарон барои содир намудани ҷиноятҳои ба муқобили шахсият ва амнияти ҷамъиятӣ, бо мақсади халалдор сохтани амнияти мардум ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низомӣ, даъвати оммавии ташкили бетартибиҳо ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ, низои иҷтимоӣ ва маҳалгароӣ, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, чанд лаҳзаҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат намудан дар содиркунии чунин кирдорҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор гирифта, ба суд ирсол гардидаанд.

Моҳи декабри соли 2022 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзоёни иттиҳоди ҷиноятии ВМКБ Мамадшоева Улфатхоним барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, Муборакшоён Музаффар Толиб барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, Иргашов Фаромӯз Иргашович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ифротгароӣ, Ҷумаев Хушрӯз Ғуломалиевич барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, Мамадшоев Хурсанд Махсумович ва Холиқназаров Манучеҳр Соҳибназарович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ бо иштироки ҳимоячӣ дар маҷлисҳои пӯшидаи судӣ баррасӣ карда шудаанд.

Бо ҳукмҳои коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ Мамадшоева У.М., Мамадшоев Х.М, Холиқназаров М.С, Муборакшоён М.Т, Иргашов Ф.И. ва Ҷумаев Х.Ғ. бо айбҳои эълонгардида аз рӯи ҷиноятҳои содирнамудаашон гунаҳгор дониста шуда, ба Иргашов Ф.И. ва Муборакшоён М.Т. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 29 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Мамадшоева У.М. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Холиқназаров М.С. ва Мамадшоев Х.М. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 16 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба Ҷумъаев Х.Ғ. ҷазои 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон