Хабарҳо

Куштор

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қаландаров А.С. бо моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Куштор), аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, дар суди ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ карда шуд.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян намуд, ки санаи 08.07.2022 сол, Қаландаров Алишер Самандарович, 1993 соли таваллудаш, бо Сафаров Фаридун Қурбонович, 1979 соли таваллудаш, ки бо ҳамдигар муносибати хешутаборӣ доштаанд, бинобар сабаби нофаҳмии оилавӣ байнашон муноқиша ба миён меояд.

Қаландаров А.С. 08.07.2022 сол соати 2330 пас аз нақшаи содир кардани ҷиноятро таҳрезӣ намудан, бо олоти буранда мусаллаҳ шуда, тариқи телефони мобилӣ Сафаров Ф.Қ.-ро ба суроғаи воқеъ шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, назди бинои №152 даъват намудааст.

Баъди вохӯрдан муноқишаи навбати cap зада, Қаландаров А.С. бо амалӣ намудани мақсади худ бо истифода аз олоти бурандаи ҳанӯз тайёр кардааш як маротиба ба қисмати болои дил ва як маротибаи дигар ба қисмати шиками Сафаров Ф.Қ. зада, баъди анҷом додани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ Сафаров Ф.Қ. дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз 15 сентябри соли 2022 Қаландаров А.С. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон