Хабарҳо

Одамкӯши!

Аз тарафи Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Эшонқулов Бобоназар Файзалиевич бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои «з,и» ва 249 қисми 4 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон моҳиятан баррасӣ гардид.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Эшонқулов Б.Ф. ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия буданаш тахминан аввалҳои моҳи июли соли 2017 ба таклифи шиносаш Абдусатторзода А.А. дар бораи амалӣ намудани қасди ягонаи ҷиноятӣ бо ҳамроҳии шиносҳояш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназаров Ж.Н., Эшонқулов Х.Х., Шарипов М.М., Алимов А.А. Набиев О.Б., Каримов У.Р. ва Мирзоев Н.Н. оиди содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар ҳудуди вилояти Колуга, ноҳияи Дзержинский, ҳавлии 58 розӣ шуда, байни аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ нақши ҳар як иштирокчии ҷиноятро муайян намудаанд.

Сипас, дар ду автомашина савор шуда, аз соати 17:36 дақиқа то соати 19:55 дақиқаи 9 июли соли 2017 ба шаҳри Калуга омада, атрофи объекте, ки ба он мақсади ҳуҷум карданро доштанд, аз назар гузаронида боварӣ ҳосил намудаанд, ки аъзоёни ин хона хоб мебошанд, руйи худро бо ниқоби тиббӣ маҳкам карда, пинҳонӣ вориди ҳавлӣ ва баъдан бо мантировка дари пешайвони ошёнаи сеюмро шикаста, ғайриқонунӣ вориди ҳуҷра шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ба шахрвандон Пархоменко Ю.А., Корыхалова А.Н. ва Колосова Н.Н. ҳуҷум кардаанд.

Аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б., ки бо бел ва сими металлӣ мусаллаҳ шуда буданд, аз рӯи маслиҳати пешакӣ дар саҳни ҳавлӣ дар назди бинои тобистона камин гирифта, вазъияти атрофро назорат мекарданд.

Бо фарёди занони дар хона буда ва аккоси саг аз хонаи тобистона шаҳрванд Колосов А.М. ба саҳни ҳавлӣ мебарояд. Ин лаҳза дар ботини Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б.-ро қасди ҷиноие фаро мегирад, ки пешакӣ бо дигар иштирокчиёни гурӯҳ маслиҳат нашуда буд.

Барои амалӣ намудани ин қасди ҷиноии худ Эшонқулов Б.Ф. ва Набиев О.Б. дидаю дониста, ба Колосов А.М. ҳуҷум карда, аввал Набиев О.Б. бо бели дар дасташ буда ба қисмати сари ӯ як маротиба зарба мезанад, ки охирин ба замин меафтад, Эшонқулов Б.Ф. бошад, барои иҷрои қасди ҷиноии умумӣ, ки ба куштори Колосов А.М. равона шуда буд, бо сими металлии дар дасташ буда. якчанд маротибаи дигар ба қисмҳои гуногуни бадани Колосов А.М. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонанд,ки номбурда 12 июли соли 2017 дар беморхона вафот кардааст.

Баъди содир намудани ин ҷинояти махсусан вазнин Эшонқулов Б.Ф. ва дигар шарикони ӯ аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, 400.000 рубли бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро байни худ тақсим намудаанд.

Роҳбари гурӯҳи ҷиноятӣ Абдусатторзода А.А., Эшонқулов Б.Ф. ва Мирзоев Н.Н. бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур ва пинҳон шудан аз тафтишот ва суд 11 июли соли 2017 тавассути хатсайри “Москва-Душанбе” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

Аз ҷониби кормандони Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия ин ҷиноят ошкор ва шахсони ҷиноятсодиркарда Имомназаров Ж.Н., Эшонқулов Х.Х., Шарипов М.М., Алимов А.А., Набиев О.Б., Каримов У.Р. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми судӣ ба ҷазоҳои гуногун маҳкум гардида, айни ҳол адои ҷазо намуда истодаанд.

Нисбати Абдусаторзода А., Эшонқулов Б.Ф ва Мирзоев Н.Н. бошад кофтукови расмӣ эълон гардида, дар натиҷаи ҳамкории мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки Эшонқулов Б.Ф. бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат аз 1 июли соли 2020 бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 солу 6 моҳ маҳкум гардида, адои ҷазо намуда истодааст.

Бинобар ин қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати Эшонқулов Б.Ф. барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, номбурда мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифта баъди анҷоми тафтишот, парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ ба суд ирсол карда шуд.

 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 2 сентябри соли 2022 Эшонқулов Б.Ф. бо модҳаҳои 104 қисми 2 бандҳои «з,и» ва 249 қисми 4 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 солу 24 рӯз бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.     

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон