Хабарҳо

Одамкӯши!

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Якибов Аюб бо моддаи 104 қисми 1 (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Айнӣ баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки 11 августисоли 2018 Холова Розия, сокини деҳаи Саратоқ, Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ хоҳарзодааш Шоистаи Аюбро ба писараш Холов Меҳваршо хонадор менамояд ва бинобар нофаҳмиҳои зиндагӣ оиладории онҳо вайрон шуда, расман 2020 сол ҷудо мешаванд.

Якибов Аюб аз ин рафтори Холова Розия дар хусуси он, ки ӯ духтараш Шоистаи Аюбро ба Холов Меҳваршо хонадор карда буд, нисбати Холова Р, хусумат пайдо карда, нақшаи куштори ӯро тарҳрезӣ менамояд.

13.06.2022 сол Якибов А. огоҳ гардид, ки Холова Р., ки аз Федератсияи Россия баргашта, дар манзили истиқоматиаш қарор дорад. Барои амалӣ намудани нақшаи куштани Холова Р., ки пешакӣ тарҳрезӣ намуда буд, машруботи спиртиро истеъмол намуда, аз пайи ба қатл расониданӣ Холова Р. мешавад.

14.06.22сол, тахминан соати 08-00 бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии Холова Р. рафта, дар саҳни ҳавлӣ Холова Р.-ро дида бо мақсади ба қатл расонидан, бо корд ба қисмати шикам, дил ва тахтапушт зарбаҳои ҷонкоҳ расонида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Худи ҳамон рӯз Холова Р. аз ҷароҳатҳои зиёди дар узвҳои ҳаётан муҳими гирифтаи баданаш аз ҷониби хешовандонаш зимни ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 интиқол додан ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Айнӣ аз 02.08.2022 сол шаҳрванд Якибов А. дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон