Хабарҳо

Дар самти қонунвайронкунии танзим !

Зиёев Зокирҷон Муродалиевич, 13.02.1972 санаи таввалудаш, сокини ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон, бархилофи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал намуда, санаи 15 январи соли 2022 дар манзили истиқоматиаш аз соати 10:00 то соати 13:00 дақиқа маъракаи туйи духтарашро бо додани ду намуди таъом, як дег шӯрбо ва як дег ош гузаронидааст.

 

Прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ, нисбати Зиёев З. М. бо моддаи 481 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол намудааст.

Бо қарори суди ноҳияи А. Ҷомӣ, аз 10 феврали соли 2022 нисбати Зиёев З. М. ҷазои ҷарима ба андозаи 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5480 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон