Хабарҳо

Тамаъҷӯӣ !

Юсупов Фаррух Мирзомуминович, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷиноятӣ тамаъҷӯиро дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.

Чунончӣ, ӯ бо мақсади тасарруф бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр бо таҳдиди ифшои таҳсилотҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида, санаи 26 феврали соли 2022 ба воситаи телефони мобилӣ ба шаҳрванд Абдулазиззода Азиза Абдулазиз, санаи таваллудаш 02 ноябри соли 1999, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Даҳбед занг зада, аз номбурда ба маблағи 500 сомонӣ бо таҳдиди аксҳои беобрукунанда (бадномкунанда)-и ӯро ифшо намудан, талаб намудааст.

 

Баъдан Абдулаззизода А.А. худи ҳамон рӯз соати 11:00 дақиқа маблағи пулии 500 сомониро ба Юсупов Ф.М. дар дохили беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав додааст, ки номбурда маблағи пулии 500 сомониро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.

Прокурори ноҳияи Шаҳринав, нисбати Юсупов Ф.М. бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав, Юсупов Ф.М. бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон