Хабарҳо

Худсрона ишғол намудани қитъаи замин !

   Мамараимов Чалабой, сокини шаҳраки Сарбанд, бархилофи талаботи қонунгузории замин амал намуда, бидуни қарори мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ, аз тарҳи №572/91 ҳудуди заминҳои маҳалли аҳолинишини ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷӯйбори обгузари хоҷагии деҳқонии «Аминчон-2016» майдони 0,04 га қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, дар майдони 49 метри мураббаъ сохтмони оғилхона ва кахдонхонаро анҷом додааст.

   Прокурори шаҳри Левакант, нисбати Мамараимов Чалабой, бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд ирсол намудааст.

   Бо ҳукми суди шаҳри Левакант, Мамараимов Чалабой, дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ва маҳкум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ