Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

 13 июли соли 2021 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастхои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфиддин, бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

  Дар ибтидо, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи якуми соли 2021 баромад намуда, ибрози назар намуданд, ки дар давраи ҷамъбастӣ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо оид ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, сохти конститутсионй, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиҳатии аҳолӣ, риояи қонунгузорӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳою ташкилотҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус терроризм, экстремизм, коррупсия самтҳои афзалиятноки фаъолият буданд.

  Баррасии саривактию пурра ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии ҳуқуқу. манфиатҳои поймолшудаи онҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомот қарор гирифта, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ 576 шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 126 муроҷиатҳои шифоҳӣ ва тариқи Интернет - қабулгоҳи Прокуратурам генералӣ 100 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯй карда шудаанд.

  Ба мақомот 23460 муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1684 шаҳрвандон барқарор карда шуданд.

  Дар маҷмӯъ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 3904 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 51765 санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, ба маблағи 477 млн. сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо расонидашуда барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 120 млн. сомонй зиёд мебошад. Инчунин 2322 capчорво дар асл барқарор карда, бештар аз 8928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 2299 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки аз онҳо 638 ададашон дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд.

  Бо натиҷаи баррасии масъалаҳо ба раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои поёнӣ ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гтурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолият супоришҳои судманд дода, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ