Хабарҳо

ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ

  Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати аз ҷониби намояндагони ҶДММ "Тозакор" дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбати якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

  Тафтишот муайян кард, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ "Аффинаж" (Ltd"Affinage"), ки гуё бо ташкилотҳои ба истихроҷ, нигохдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғул буда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ "Аффинаж" зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.

  Айни ҳол, 2 нафар аз аъзои ин гуруҳи ҷиноятӣ дастгир карда, ҷустуҷӯи дигар нафарон идомадорад.

  Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ "Аффинаж" (Тозакор) зарари моддӣ дидаанд ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гуруҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, метавонанд ба Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон муроҷиат намоянд.   

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон