Хабарҳо

Азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ

Давлатов Сайдалӣ Сунатуллоевич, аз 8 июни соли 2022 дар вазифаи муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Вахш кор карда, ғайриқонунӣ дидаю дониста, ки Ҳабибзода Шукрона Умаралӣ санаи таваллудаш 09.05 соли 2006 дар синфи 6, 7 ва 8 умуман таҳсил накарда, танҳо аз 01 январи соли 2022 ба синфи 9 рафта таҳсил намудааст, 20 июли соли 2022 бо роҳи сохтакорӣ баҳои азхуднакардаи хонандаро қалбакӣ гузошта, аттестати силсилаи Т-АТА таҳти №1421445 дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ навишта, ба Ҳабибзода Ш.У. додааст.

Ғайр аз ин, ӯ аз 19.08.2021 сол ҳамчун шахси мутасаддӣ оид ба тақсимоти маводҳои хӯрокаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар МТМУ №35-и ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи соли хониши 2021-2022 молу маҳсулоти хӯрокаро ба маблағи 3148,67 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 26731,67 сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Прокурори вилояти Хатлон нисбати Давлатов С.С. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди ноҳияи Хуросон ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон аз 20 январи соли 2022 Давлатов С.С. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323 қисми 1-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон