Thursday, 14 42024vAsia/Dushanbe11bAsia/DushanbeThu, 14 Nov 2024 00:29:00 +0500 2024

Донишкадаи омӯзиши масъалахои конуният, тартиботи ҳукуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли 2019 дар толори таълимии Донишкада дар доираи Барномаи таълимӣ дар мавзӯи: “Хусусиятҳои хоси тафтиши ҷиноятҳои кибернетики” бо ҷалби 19 нафар прокуророни шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шахру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба онҳо баробаркардашуда машгулиятҳои назариявию амалӣ баргузор намуд.

Барномаи мазкур бо максади тақвияти назорати прокурорӣ оид ба иҷрои дакиқ ва якхелаи қонунҳо дар соҳаи алоқа, ҳолатҳои пешгирӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотй амалй карда шуд.

  Машғулиятҳо бо истифодаи тарзу усулҳои муосири таълим аз ҷумла, тариқи лексионй, кор дар гуруҳҳо, таҳлили ҳолатҳои мушаххас оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда ва истифодаи технологиям иттилоотӣ гузаронида шуданд.


 ВАЗИФА ВА САЛОҲИЯТИ МУРОФИАВИИ ПРОКУРОР ДАР МУҲОКИМАИ СУДИИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ.

 Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони макомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 майи соли 2019 дар толори таълимии Донишкада дар доираи Барномаи таълимӣ дар мавзӯи: “Хусусиятҳои хоси иштироки айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ” бо ҷалби 19 нафар прокуророни шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Сугд, шахру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба онҳо баробаркардашуда машгулиятҳои назариявию амалӣ баргузор намуд.

Барномаи мазкур бо мақсади такмили тахассуси касбии прокурорҳо оид ба таъмини адолати судӣ ва риояи хукуку озодиҳои инсон дар мавриди баррасии парвандахои ҷиноятӣ аз тарафи судхо роҳандозй карда шуд.

   Машғулиятҳо бо истифодаи тарзу усулҳои муосири таълим дар донишкадаҳои олӣ вобаста ба ҳар як мавзӯъ мувофикан дарсҳои назариявӣ бо тарзи лексионӣ ва интерактивӣ гузаронида шуда, машғулиятҳои амалӣ тариқи кор дар гурӯҳҳо, кори инфиродӣ, иҷрои нақшхои саҳнавӣ, таҳлили ҳолатҳои мушаххас оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда гузаронида шуданд.

 

       Оид ба таърих, мақсад, вазифаҳо ва асосҳоии ҳуқуқии фаъолияти

 Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ,
ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти омода намудани мутахассисони болаёқат барои идоракунӣ ва пешбурди давлатдории навини тоҷиконро ба миён гузошт.

  Дар ин раванд, бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар қаламрави мамлакат даҳҳо муассисаҳои олии касбӣ ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намуданд.

   Дар робита ба ин, бо дарназардошти хусусияти хос ва гуногунии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини онҳо бо кадрҳои лаёқатманд муассисаҳои таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳо таъсис до да шуданд.

   Аз ҷумла, дар асоси пешниҳоди Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чиҳати бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон бо карори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 таҳти №541, “Курсҳои такмили ихтисоси кормандони додситонӣ ва лабораториям омӯзиши проблемаҳои ҷинояткорӣ дар назди Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд.

    Пас аз 10 соли фаъолият, соли 2004 Курсҳои такмили ихтисос ба “Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” табдил дода, минбаъд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №539 аз 14 августа соли 2015 сохтори нави Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва тибқи он дар заминаӣ“Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он дар тобеияти идоравии Прокуратурам генералӣ қарор дошта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н. Қарабоев, 3 ҷоӣгир шудааст.

  Донишкада фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,.Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома, ки бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №5-261 аз 17 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.

  Дар ин замина, Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи такмили низоми таӣёр, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.

  Дар ин раванд тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣдар зинаи таълимоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ аз руи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣва фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ дар зинаи магистратура ва курси кутоҳмӯддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси прокурорҳо ва муфаттишон иҷозатнома дода шудааст.

  Тибқи муқаррароти Низомнома мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Донишкада аз инҳо иборат мебошад: амалӣ намудани барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз таҳсилоти олии таълимӣдар самти таӣёр намудани ҳуқуқшиносон; мукаммалсозии иқтидори кадрии мақомоти прокуратура бо роҳи баланд бардоштани малакаи касбии кормандон, аз ҷумла дар низоми таҳсили баъди донишгоҳи олӣ;

  • гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ аз рӯӣи масъалаҳои назорати прокурорӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ, ки ба мукаммалсозии қонунгузорӣ ва таъминоти илмии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани ҳамкории илм ва амалия мусоидат менамоянд.
  •     Вазифаҳои асосии Донишкада инҳо мебошанд:
  • қонеъ гардонидани талаботи шахе дар инкишофи зеҳнӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба воситаи гирифтани таҳсилоти олии касбӣва ё таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи таълимии олӣ; тайёрии касбӣ, бозомӯзӣъа баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратура;

-таъмини илмӣ-методии фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти баамалбарории назорати прокурорӣоид ба риояи қонунҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ;

  • расонидани ёрии назариявию амалӣбарои ба амал баровардани фаъолияти мақомоти прокуратура, такмил ва ташаккули самтҳои алоҳидаи назорати прокурорӣ;

- дар якҷоягибо Раёсати кадрҳои Прокуратурам генералӣтаъмин намудани назорат вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура;

-гузаронидани тадқиқотҳои илмӣоиди масъалаҳои умумии назорати прокурорӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ;

-зимни ба амал баровардани фаъолиятӣилми-тадкиқотӣ ва таълими-методӣ такмил додани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлати, ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимӣ, аз ҷумла хориҷӣ.

  Донишкадаи Прокуратурам генералӣнатанҳо барон амалисозии Барномаҳои таълимӣ, инчунин барон иҷрои супоришҳои Прокуроригенералӣоид ба иҷрои      Нақшаи чорабиниҳои гуногуни дороӣхусусияти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ва иҷтимоӣ муваззаф мебошад.

  Фаъолияти Донишкада аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда шуда, ҳамасола сметан ягонаи даромад ва хароҷотҳо аз ҷониби Донишкада таҳия ва аз чиниби Прокуратурам генералӣтасдиқ карда мешавад.