Материалы
ХАБАРИ МАТБУОТӢ

18 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки дар шаҳри Лиони Франсия бо сафари корӣ қарор доранд, бо муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии политсияи ҷиноятӣ (INTERPOL) ҷаноби Стивен Кавана мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон, истифодаи бурҷҳои гуногуни INTERPOL ҳангоми кофтукови категорияҳои гуногуни ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, пешгирии сафари террористон тавассути сарҳадҳои кишварҳои аъзои INTERPOL, пайвастагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзанҳои иттилоотии INTERPOL ва дигар масъалаҳои боиси таваҷҷуҳи якдигар баррасӣ карда шуданд.
Баъди мулоқоти сатҳи баланд, мулоқотҳои ҷудогонаи мутахассисони ду ҷониб оиди ба махзанҳои INTERPOL ворид намудани шахсони ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ содирнамуда ва дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта сурат гирифт.
Баъди баргузории мулоқотҳо ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.
Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.