Материалы

Мулоқоти Прокурори генералӣ ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо роҳбарият ва фаъолони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Вохӯриро Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ҷаласаи мазкур ба мавзуоти мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, вазъи иҷрои қонунгузории замин, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, таҳкими фаъолият оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бахшида мешавад.
Нахуст оид ба масъалаҳои номбаршуда Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дастҷамъона мубориза барем.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, фаъолонро зарур аст, ки бетарафӣ зоҳир накарда, бо мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Прокурори генералӣ вобаста ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Артиши миллӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки бояд чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони руҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.
Ҳамзамон роҷеъ ба масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар ҷараёни ин маърака андешаронӣ карда шуд.
Сипас, Котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода низ доир ба мавзуҳои матраҳшуда баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, сабаби ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.
Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Сипас ҳисоботи Раисони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир ба мавзуъоти баррасишуда шунида шуд.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва декани факултети филологияи тоҷики ДДХ баноми академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ӯлмасзода баргузории чунин мулоқотҳоро амри зарурӣ дониста, ҳозиринро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои ироагардида даъват намуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ