Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 -16 декабри соли 2022)

14-16 декабри соли 2022 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар ҳамкорӣ махсус таъкид карда шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои трансмиллӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, хариду фуруши одамон, таблиғ ва ҷалби фаъолияти созмонҳои ифротгароиву террористӣ миёни аҳолӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баррасӣ намуданд.

Вобаста ба вазъи  мураккаб дар  давлати Афғонистон, масъалаи пешгирии маводи мухаддир дар ин ҷараён низ муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар табодули маълумоти тафтишотӣ, дархостҳои истирдод, эътирофи ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар қаламрави якдигар,ташрифоти байниякдигарӣ аз руйи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.   

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ