Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (15-16 декабри соли 2022)

15 декабри соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Байрам Оғлу бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 

Зимни сафар мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Байрам Оғлу баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба ифротгароӣ, терроризми байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, мубодилаи таҷрибаи тарафайн,  инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ, масъалаҳои истирдод, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот баҳри татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳо ба имзо расонида шуд.

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ