Материалы

ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД.

12 октябри соли 2022 Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Швед Андрей Иванович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва  Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус Швед Андрей Иванович  робитаҳои зич ва муҳими  мақомоти  прокуратураҳои кишварҳо дар ҳамкорӣ махсус  таъкид карда шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, паҳлуҳҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон, таблиғ ва ҷалби фаъолияти созмонҳои ифротгароиву террористӣ миёни аҳолӣ, бахусус байни муҳоҷирони корӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, мубодилаи таҷрибаи тарафайн,  инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки  парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани чораҳои фаврӣ – ҷустуҷуӣ, эътирофи ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар қаламрави якдигар ва инчунин дигар масъалаҳои  муҳими соҳа  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Белорус А.И. Швед дар руҳияи дӯстона, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ  анҷом ёфт.

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ