Материалы

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (27-30 августи соли 2022)

Санаи 27 августи соли 2022 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ ҳамчун террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.

Баҳри амалигардонии мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи шартномаҳои байналмилалӣ ба расмият даровардани он Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) ба имзо расонида шуд.

Сафари корӣ ба кишвари болозикр идома дорад.

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ