Материалы

ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ИГОР КРАСНОВ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

25 ва 26 июли соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Зимни мулоқоти дуҷонибаи муштарак миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва  Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович, робитаҳои зич ва муҳими   мақомоти  прокуратураҳои кишварҳо дар ҳамкорӣ махсус  таъкид карда шуданд.

Ҷонибҳо  зимни  мулоқот  паҳлуҳҳои  мухталифи  ҳамкориро  дар самти пешгирии ҷиноятҳои  муташаккили  фаромиллӣ, таъмини амният  дар самти миллӣ,  минтақавӣ ва ҷаҳон, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории    идеологияҳои  гуногуни динӣ- родикалӣ дар ҷомеа  алоқаманданд  баррасӣ намуданд.

Вобаста ба вазъи  мураккаб дар  давлати Афғонистон,  масъалаи мубориза  бо терроризм  ва экстремизм  ва пешгирии  маводи  мухаддар дар ин ҷараён  низ  муҳокима гардиданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти тафтиши муштараки  парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ,  масъалаҳои  истирдод ва дигар масъалаҳои  муҳими соҳа  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон бо Прокурори генералии Федератсияи Россия И.В. Краснов бо маросими  имзои  лоиҳаи  Барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳо дар руҳияи дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил  анҷом гирифт.   

 

    Маркази матбуоти

    Прокуратураи генералӣ