Хабарҳо

 Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим деҳаи Башор ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо мақсади тасарруфи маблағҳои ба тариқи кредит додашуда, 07 октябри соли 2015 дар асоси шартномаи сетарафаи №071015/0004-01 аз БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҳисоби маблағҳои гардиши Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ карзи имтиёзноки миёна муҳлат таҳти 12%-и солона ба муҳлати 2 сол, барои таъсис додани сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот, гирифтааст.

  Ошурбеков Ҷ.М. маблағҳои қарзии гирифтаашро барои таъсиси сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот сарф накарда, ин маблағҳоро ғайримақсаднок ба манфиати шахсиаш истифода карда, бо ҳамин маблағҳои пулиро тасарруф намуда, то ин давра ба Муассиса ба маблағи 130307 сомонй пардохт намуда, боқимонда маблати 269 693 сомониро барнагардонида, бо ин кирдораш ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарари махсусан калони моддй расонидааст.

Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи Ишкошим санаи 22.09.2018 сол нисбати Ошурбеков Ҷомй Мамадаминович бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” (барои ғайриқонуни истифода намудани маблағҳои карзи бонкӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтишотӣ пешакй бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ишкошим аз 05 декабри 2018 Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳруми бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр адои ҷазо таъйин карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона