ХАБАРИ МАТБУОТӢ
22 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Брюссел қарор доранд, бо Прокурори генералии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредерик Ван Лёв, Директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия ҷаноби Фредди Рузмонт ва роҳбари Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) ҷаноби Герт Веркутерен мулоқотҳо анҷом доданд.
Хабарҳо
Мулоқоти намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия бо мақсади дастгир кардани Саидмуродов Д.Ҳ.

Дар толори маҷлисгоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати ҷинояти куштори муовини якуми роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» бо аъзои котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, аъзои Шӯро, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Федератсияи Россия баргузор гардид.
ИСТИҚЛОЛ – САРЧАШМАИ МУЗАФФАРИЯТУ ДАСТОВАРДҲО
Боиси фараҳмандист, ки имсол мардуми тоҷик 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол менамояд. Истиқлоли давлатӣ рамзи пирӯзиву хушбахтӣ, дастоварди пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани азизамон буда, он ба таъмини некуаҳволии мардум ва рушди бомароми кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин айём, баъди сипарӣ гардидани якчанд марҳилаҳои таърихӣ, бори дигар миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконияти эҳёи давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.
РИСОЛАТИ АЗИМИ МИЛЛАТИ ДАВЛАТДОР
Давлатсозию давлатдорӣ кори чанд даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиятро талаб менамояд.
Тайи сию ду соли соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро паси сар намуда, дар шоҳроҳи таҷрибаи идоракунии давлатӣ, бунёдгузори давлати миллӣ ва тахкимбахши истиқлоли миллии худро пайдо намуд.
Таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
07 сентябри соли 2023 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Вокуниш ба хабари бардурӯғи сомонаи “Радиои Озодӣ”
Дар сомонаи намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси фавти яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Ш.А. - Ахмедов Акбар Акрамович дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ва боздошти модари ӯ мақолаҳои нодуруст нашр шудааст.
15-19 августа 2022 года в здании гостиницы «Руми» при поддержке Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан Международным центром по борьбе с экстремизмом «Хедая» Объединенных Арабских Эмиратов в рамках «Программы по борьбе с использованием сети Интернет в террористических целях» проведён инновационный лагерь для 30 студентов вузов Республики Таджикистан на тему «Технологии для защиты» (Инновационный лагерь Tech2Protect).
Программы Центра «Хедая» направлены на поддержку процесса реализации Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы.
Инновационный лагерь был проведен для студентов, чтобы улучшить их цифровые знания, найти решения основных проблем, с которыми сталкивается молодежь в контексте использования интернет-ресурсов, закрепить знания и навыки в области СМИ и цифровых технологий в целях борьбы с угрозами киберпространства.
Пресс центр
Генеральной прокуратуры
Республики Таджикистан
Фотогузоришҳо