Хабарҳо

14.03.2024

Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

    29 январи соли 2019 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2018 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Сироҷзода Сайфиддин бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.

   Дар он сараввал Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баромад карда, қайд намуд, ки дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 5197 санҷишҳо гузаронида, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 21790 санадҳои эътиноии прокурорӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо 33230 нафар шахсон ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ кашида шуда, 2758 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

   Бо натиҷаи санҷишҳо ва андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ ба маблағи 641 млн. сомонӣ зарарҳои молиявие, ки аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо расонида шудаанд, рӯёнида шуд, ки аз ин маблағ 280 млн. сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.

Вобаста ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз дар маҷмӯъ 257 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ва 35,8 млн сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба будет ворид карда шудааст.

   Дар самти иҷрои қонунгузории замин 434 санҷишҳо гузаронида шуда, бо натиҷаашон 5955 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда, дар асоси баррасии онҳо 3451 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 1085 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 га қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

  Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 440 санади эътиноӣ татбиқ ва 1374 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 77 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 180 га заминҳои фонди ҷангал ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 3,5 млн сомонӣ маблағҳои экологӣ пардохт шуданд.

   Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 754 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, 393 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.

Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида, 170 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

    Дар соли 2018 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 217 ҷиноят зиёд мебошад.

    Дар ҷумҳурӣ дар ин давра 21957 адад ҷиноят содир шудааст.

Муфаттишони прокуратура тафтиши 3897 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3591 парвандаро ба суд фиристониданд.

Кормандони мақомот ҳангоми баррасии 15664 парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ дар судҳо иштирок карда, бобати ба амал баровардани адолати судӣ ва қабули қарорҳои қонунӣ саҳми муносиби худро гузоштаанд.

    Аз тарафи прокуророн 783 адад аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 262,4 млн. сомонӣ ба судҳо оиди барқарор намудани зарар пешниҳод карда шудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Конститутсияи мамлакат, Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва Вахдати миллӣ, пешгирии экстремизму терроризм ва дигар мавзуҳои муҳим дар байни аҳолӣ, инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма 11461 суҳбату вохурӣ ва баромадҳо баргузор карда шудааст.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона