Ҳуқуқ ба моликият  дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ муқаррар карда шуда, давлат ба риоя ва ҳифзу ҳимояи ин арзиши муҳими муносибати ҷамъиятӣ  кафолат додааст.

   Ба ин мақсад тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсия “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

   Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.


   Дар ин радиф ба Прокуратураи генералй ва дигар мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки фавран лоиҳаи Стратегияи нави муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2021-2025 омода ва ба Роҳбари давлат манзур намоянд.

   Лоиҳаи Стратегия дар муҳлати пешбинишуда омода ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021 ба тасвиб расид.

   Ба сифати яке аз самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Стратегия таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шинохта шудааст.

   Таҷрибаи ҷаҳонии муқовимат ба экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки риояи қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар пешгирй ва мубориза бо ин зуҳуроти номаталуб ва. хатарнок нақши калидӣ доранд.

Маҳз бо дарки ҳамин воқеият Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи 02 октябри соли 2015, таҳти №30/15 қабулнамудаи худро, ки бевосита ба ин масъала бахшида шудааст, «Ҳуқуқи инсон ва пешгирию мубориза бо экстремизми зӯроварона» номгузорӣ намудааст.

   Дар стратегияҳо ва барномаҳои давлатии пешгирии экстремизм низ, ки таи солҳои охир дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон дар сархати принсипҳои фаъолият дар ин самт қарор дода шудааст.

   Аз ҷумла, дар Стратегияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 12 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст, дар байни 13 самти асосии фаъолият дар ин ҷода баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс ба ҷои аввал бароварда шудааст.

   Дар ин санад қайд шудааст, ки ташаккули фарҳанги волои ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс шарти муҳими таъмини суботу ҳамдигарфаҳмй дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин восита пешгирӣ намудани рӯҳияи тундгароӣ маҳсуб меёбад.

   Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз рӯи мутобиқати арзишҳои ҳуқуқии он ба арзишҳои ахлоқии умумибашарй, дараҷаи рушди низоми ҳуқуқӣ, вазъи адолати судй, тарзи муоширати мақомоти давлатию аҳолй ва ҳалли низоҳои ҳуқуқй дар ҷомеа муайян карда мешавад.

   Ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс бошад, дар мақоми ҳуқуқии устувору босубот доштани фард ва мавҷудияти кафолатҳои ҳифзи боэътимоди ӯ аз амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир мегардад.

   Дар робита ба ин, Стратегиям аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм тадбирҳои зеринро дар ин самт пешбинй намуда буд; амиқ гардонидани ислоҳотҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ- ҳуқуқии шахс;

  • боз ҳам бештар мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ;
  • таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсй, сиёсӣ, иқтисодй, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон;
  • такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
  • баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ба онҳо омӯзонидани малакаи рафтори қонунй ва огоҳмандиашон аз оқибатҳои рафтори зиддиҳуқуқӣ.

   Ҷиҳати иҷрои муқаррароти номбурдаи Стратегиям тадбирҳои густурда андешида шуда, дар ҷумҳурй кафолатҳои боз ҳам бештари ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон фароҳам оварда шуданд.

Дар баробари ин, ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда дарозмуддат буда, ба такмил ва мутобиқкунонӣ ба шароитҳои нав ниёз доранд.

Аз ин лиҳоз, дар Стратегиям нави миллӣ барои солҳои 2021- 2025 низ тадбирҳои иловагии баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахе пешбинй гардидаанд.

Дар қатори ин чорабиниҳо метавон инҳоро ном бурд:

  •  ба роҳ мондани таҳлили амиқу мунтазами мутобиқати қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон;
  •  таҳия ва қабули Нақшаи маҷмӯии амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар заминаи муттаҳид намудани нақшаҳои миллӣ, тавсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои банйалмилалй дар ин самт;

- ба тақвияти кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар раванди мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизм ва терроризм равона намудани ҷараёни такмили қонунгузорй;

- татбиқи самараноки кафолатҳои мурофиавии ҳуқуқи шахс ҳангоми дастгиркунӣ, бахусус пешгирии шиканҷа дар раванди фаъолияти оперативӣ- ҷусутуҷӯи ва тафтишӣ пешакӣ;

  • такмили чораҳои дохилиидоравии пешгирии коррупсия ва расмиятчигӣ, таҳкими механизмҳои назорати дохилй, танзими дақиқи ҳуқуқ ва ухдадориҳои кормандони давлатй;
  • таҳия ва амалӣ намудани шаклу усулҳои нави тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки ба ғанигардонии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа равона гардидааст.

Боварӣ дорем, ки амалӣ намудани Стратегиям нав қадами боз ҳам устувортаре дар роҳи таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ба ин восита пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм хоҳад буд.

Халифазода М.Н

сардори Шуъбаи назорати иҷрои
қонунгузории андоз, мушовири давлатии
адлияи дараҷаи 1