Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид гашта, аз набудани аъзоҳои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш. таваллудаш 6 октябри соли 2005 ҳуҷум карда, дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳануз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ кардааст.

 Баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов О.Т. ноболиғ А.Ш.-ро тахдид кардааст, ки агар оиди ҳодисаи рухдода ба касе гуяд, ӯро ба қатл мерасонад.

Инчунин, Азизов О.Т. ин амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран 23 январи 2019 бо ҳамин мақсад ба манзили истиқоматии мазкур даромада, аз набудани волидони ноболиғ А.Ш. истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ такроран тариқи маҷбурӣ бо А.Ш. алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.  Баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғ А.Ш.-ро тахдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад. 

  Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 кисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст. 

  Бо ҳукми Суд Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 қисми 3 банди «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 18 сол бо адонамудани ҷазо дар колониям ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ