Қурбонзода Фараҳбахш аввалҳои моҳи апрели соли 2020 бо ноболиғ М.Ҳ. 20.02.2006 соли таваллудаш, ки дар хобгоҳи ҶСК «Нассоҷии тоҷик» ҳамроҳи волидайнаш зиндагонӣ мекард, ба даруни айвонхонаи назди баромадгоҳи ошёнаи 2-юм, ки ҷойи торик аст, дароварда, бо номбурда алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонияшро қонеъ намудааст

 Ба ғайр аз ин, 3 июни соли 2020, соати 19:05 дақиқа Қурбонзода Ф. кирдорхои ҷинояткоронаи худро идома дода, дидаю дониста, ки ноболиғ М.Ҳ. ҳануз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, ба таври ғайритабии алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунад.

 Прокурори шаҳри Душанбе нисбати Қурбонзода Ф. бо моддаи 141 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни 16 сола нарасида) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

 Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Қурбонзода Фараҳбахш бо моддаи 141 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ