13 августи соли 2015 тахминан соати 05.00 дақиқа дар суроғаи шаҳри Конибодом, кӯчаи ба номи У. Қурбонов, дар рӯбарӯи ҳавлии № 40 ҷасади шаҳрванд Қориев Темур Исоқович, соли таваллудаш 1969, миллаташ тоҷик, зодаи шаҳри Конибодом, муҷаррад, бе ҷои зисти доимӣ,бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муқаррар гашт, ки ин кушторро шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Конибодом, содир кардааст.

 Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Конибодом бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Хабарҳо