26.07.с.2015 тахминан соати 10.00 дақиқа шаҳрванд Ғоибова Раҳима Бекназаровна, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Кӯлоб,ба хонаи собиқшавҳараш шаҳрванд А.А., соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ҳамин шаҳр рафта, бо ӯҷангуҷанҷолмекунад. Дар натиҷаи муноқиша шаҳрванд А.А.бо корд як маротиба ба қафаси синаи Ғоибова Р. мезанад, ки номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад...

 Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.