Муродов Баҳриддин Давлаталиевич, санаи таваллудаш 25 августи соли 1987, сокини ноҳияи Данғара, 24 декабри соли 2018  бо қарори суди ноҳияи Данғара барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо моддаи 541 КҲМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбаташ ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1000 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда ба ин кирдораш хулосаи зарури набароварда боз такроран 16 январи 2019 дар назди бозори марказии ноҳияи Данғара, бидуни иҷозатнома, ба муомилоти ғайри қонунӣ бо асъори хориҷи машғул гардида, ҳангоми харидорӣ намудани 100 доллари ИМА ба ивази 970 сомонӣ  дастгир карда шуд.

 16 январи соли 2019 аз ҷониби прокурори ноҳияи Данғара нисбати Муродов Б.Д. бо моддаи 286 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, парванда бо тасдиқи фикри айбдоркуни барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 Бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 11 марти соли 2019 Муродов Баҳриддин Давлаталиевич бо моддаи 286 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда  ҷарима,  баробар ба 5500 сомонӣ  ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ