Ваҳобов Сайолим Сайшарифович, санаи таваллудаш 05 сентябри соли 1987, сокини ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Навобод, 31 январи соли 2019 дар бозори панҷшанбеи Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ҳангоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, гирифтани  маблағи 1000 рубли русӣ ҳамчун воситаи пардохт ошкор карда шуд.

 Нисбати  Ваҳобов Сайолим Сайшарифович аз ҷониби  прокурори ноҳияи Фархор бо моддаи 541-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

  Бо қарори  суди ноҳияи Фархор аз 05 марти соли 2019 Ваҳобов Сайолим Сайшарифович   ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 825 сомонӣ ҷарима муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо