Раёсати назорати қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исмоилов Бахтиер Исломиддинович, бо моддаҳои 179 қисми 2 бандҳои “а,б” (Терроризм-такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) ва 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи И.Сомонӣ баррасӣ карда шуд.
Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Тиллобердиев Алиҷон Ғаниевич бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «а,в,е» (суиқасд ба одамкушӣ) ва 147 қисми 1 (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баанҷом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Прокуратураи шаҳри Турсунзода, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати Зиёдуллоев Азамҷон Азизович бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з, и”, 249 қисми 4 банди “б”, 165 қисми 4 банди “б”, 252 қисми 3 бандҳои “а,в”, ва 32 қисми 3-255 қисми 2 бандҳои “а, в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.
Прокуратураи шаҳри Турсунзода, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з, и”, 249 қисми 4 банди “б”, 252 қисми 3 бандҳои “а,в” ва 32 қисми 3-255 қисми 2 бандҳои “а, в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.
29 апрели соли 2021 тахминан соати 11 як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рубарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и “Хоҷаи аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.













