Ваисов Дилшод Сафарович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Турсунзода қаблан бо ҳукми суди  вилояти Москваи Федератсияи Руссия бо моддаи 162  қисми 2 КҶ  Федаратсияи Руссия ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

    Чунончӣ, ӯ ҳангоми дар маҳбаси Федератсияи Руссия қарор доштанаш, ҳамсараш Қульманова Нодира Хайруллоевна,дар шаҳри Турсунзода бо аҳли хонаводаи онҳоҷанҷол намуда, аз хона баромада рафтааст. Баъди ин          Ваисов Д. соли 2013 бо воситаи телефони мобилӣ бо тариқи дини  аз  ҳамсараш ҷудо шудааст.

26 январи соли 2018 Ваисов Д.аз маҳбас озод шуда ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар шаҳри Турсунзода аз суханони хешовандонаш фаҳмидааст, ки ҳангоми дар маҳбас қарор доштанаш, собиқ ҳамсараш Кульманова Н.Х. бо Кенҷаев Маъруф ном сокини шаҳри Турсунзода муносибати маҳрамона дошта, ба ӯ хонаи истиқоматӣ харида бошад.

Нобовоста аз он, ки Қульманова Н.Х.-ро талоқ додааст, боз аз ҳиссиёти рашк дар ботинаш касди аз хаёт махрум сохтани Қульманова Н.Х. пайдо мешавад.

Бо ин мақсад, 4 феврали соли 2018 ба хонаиҚульманова Н.Х. рафта оиди бо Кенҷаев Маъруф муносибати маҳрамона доштанаш баҳс менамоянд, ҳарчанд, ки Кульманова Н.Х. ин ҳолатро инкор мекунад, вале номбурда бовар накарда мегуяд, ки ин ҳолат ҷой дорад ва онро исбот мекунад.

Минбаъд, аз ин баҳси байни онҳо бародар ва апаи Қульманова Н.Х.- Шоймурадов Равшан ва Қульманова Ҳафиза огаҳи ёфта ба наздашон ба хонаи Қульманова Н.Х. омада, Ваисов Д.С.-ро ором кардани мешаванд, аммо ӯ ором нашуда, рафторхои худро идома дода, иброз намудааст, ки хохарионҳо бо дигар мард, муносибати маҳрамона кардааст, онро исбот карда медихад.

   Синас, ӯбо мақсади исбот намудани муносибати маҳрамонаи Қульманова Н.Х. бо Кенҷаев Маъруф, якҷоя ҳамроҳии Кульманова Н.Х. апааш Кульманова Ҳ.Х. ва бародараш Шоймурадов Равшан аз хона баромада, тахминан соати 21-у 30 дақиқа ба суроғаи истиқоматиашон воқеъ дар ш. Турсунзода, кӯчаи Матқозимов, хонаи 51 омада, ба меҳмонхонаашон ворид шудаанд.

Ваисов Д.С. қабл аз ворид шудан ба меҳмонхона бинобар дар батнаш мавҷуд будани касди одамкушӣаз болои кати ҳавлии истиқомтиашон пешакӣ бо худ корди хоҷагидориро гирифта вориди меҳмонхона мешавад.Дар дохили мехмонхона ба муноқиша шуруъ намуда. аз фурсати муносиб истифода бурда, ба узвхои ҳаётан муҳими бадани Қульманова Н.Х. панҷ маротиба зарбаҳои сахти нишонраси пайдарпайи марговар задааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Аммо шахсони дар онҷо ҳузурдошта Шоймурадов Равшан, Қульманова Ҳафиза ва Ваисов Махмуд пеши роҳашро гирифта намегузоранд, ки максади ғаразнокашро то ба охир амалӣ намояд. Дар натиҷа Қульманова Н.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи Марказии шаҳри Турсунзода бистарӣ гардидааст.

07 феврали соли 2018 нисбати Ваисов Д.С. бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 (барои суиқасди одамкушӣ)  КҶҶумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол карда шудааст. 

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 31 майи соли 2018 нисбати Ваисов Д.С. ба муҳлати 8 сол аз озоди маҳруми дар колонияи ислоҳии низомаш сахт  ҷазо таъин карда шудааст.

         

 

       Маркази матбуоти

       Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо