Дар суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Маҳмадиев Ф.М., Маҳмудов Ҷ.Р. бо моддаҳои 200  қисми 4 банди “д”, 244 қисми 2 бандҳои “б”, “г”, 262 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ ва нисбати Тураев Б.Ю., Қуқанов М.Т. ва Самиев Д.И. бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 244 қисми 2 бандҳои “б, г” Кодекси ҷиноятӣбаррасӣ гардид.

 Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки аз Сафаров А.Б. оиди дар манзили истиқоматии Ҳикматов А., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Болошаҳр, хонаи №220 мавҷуд будани 10 адад масолеҳи сохтмонии “ДСП”-и дар дохилашон 97.610,0 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дошта огоҳӣ пайдо намуда, бо маслиҳати пешакӣ охирҳои моҳи ноябри соли 2016 шабона ғайриқонунӣ вориди манзили зикргардида шуда, ба таври ниҳонӣ як адад ва 12 январи соли 2017 тахминан соати 23 бо ҳамин роҳу усул боқимонда 9 адади масолеҳи сохтмонии “ДСП”-ро тасарруф намуда,  ғайриқонунӣ ба хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомон интиқол дода, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.  Бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ 11 феврали соли 2017 номбурдагон  дастгир гардидаанд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2017 Маҳмадиев Ф.М., Маҳмудов Ҷ.Р., Тураев Б.Ю., Қуқанов М.Т. ва Самиев Д.И. бо моддаҳои дар  боло зикргардида гунаҳгор дониста шуда, Маҳмадиев Ф.М. - 20 сол, Маҳмудов Ҷ.Р. – 19  сол, Тураев Б.Ю. - 18 солу 6 моҳ,  Қуқанов М.Т. - 18 сол ва Самиев Д.И. – 16 сол  аз озодӣ маҳрум  гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо