01.06.2017 дар  Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Миров  М.  бо  моддаи 104  қисми  2 бандҳои  “з.и”, Дилоев А.Ғ.бо моддаҳои 249 қисми 4 банди  “б”, 104 қисми 2 бандҳои “з,и.л”, Ғоибназаров М.Ҳ. бо моддаҳои 249 қисми 4 бандҳои “а,б”, 104 қисми 2 бандҳои “з,и,л,п” ва Ризоев  А.С.бо моддаҳои 249 қисми 4 банди  “б” ва  104 қисми  2 бандҳои “з,и,л” Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ  гардид.

 Номбурдагонбарои он айбдор дониста шудаанд, ки онҳо санаи 11.11.2016 соати 2100  дар асоси супориши шаҳрванд Миров М. оиди куштори Миров Р.М. дар якҷоягӣ бо охирин ба воситаи автомашинаи номбурда ба деҳаи Ҷуйбодом, ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ ҳозир мешаванд.

Дар ин вақт Дилоев А.Ғ. бо гулмехи оҳанини қаблан  бо худ гирифтааш ба Миров Р.М. ҳуҷум намуда, як маротиба ба қисмати паси сар аз рост зарба зада, баъдан гулмехи оҳанинро ба Ғоибназаров М.Ҳ. дода, бо дастонаш Миров Р.М.-ро медорад. Ғоибназаров М.Ҳ. низ, чанд маротибаи дигар ба қисмати фарқ ва пушти сар аз ҳарду тараф ва тарафи чапи қисмати синаи Миров Р.М. мезанад, ки дар натиҷа номбурда аз ҷароҳатҳои бардоштааш, дар дохили автомашинааш ба ҳалокат мерасад.  

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ тафтишотӣ Миров М., Дилоев А.Ғ., Ғоибназаров М.Ҳ. ва Ризоев  А.С. дастгир карда шуданд.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 01.06.2017 сол Миров  М., Дилоев А.Ғ., Ғоибназаров М.Ҳ. ва Ризоев  А.С. бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, Миров  М. 22 сол, Дилоев А.Ғ. 20  сол,Ғоибназаров М.Ҳ. 30  сол  ва Ризоев  А.С. ба  муҳлати  4  сол ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо