7 сентябри соли 2017 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси  Олӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бахшида ба ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир  гардид.

Дар оѓози маҷлис Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия  Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҳозиринро ба ҷашни 26  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Ҳамзамон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ, таҳаввулоти  азими сиёсӣ, иқдисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ карда  шуд.

Барои меҳнати бенуқсону  софдилона ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси корӣ аз номи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони мақомоти прокуратура мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.

Инчунин як қатор кормандони мақомот аз ҷониби Прокурори генералӣ  бо мукофотҳо,  рутбаҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани хотимавӣ изҳори боварӣ намуд, ки кормандони мақомот минбаъд низ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо