5 сентябри соли 2017 дар Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиёт-хизматрасонӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи “Аҳамият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вохурӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ вобаста ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ, таҳаввулоти азими сиёсӣ, иқдисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамзамон  оид  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо